Document · Тоҷикӣ
Studying AI in higher education · TJ
Download original1
Омӯзиши зеҳни сунъӣ (ЗС) дар таҳсилоти олӣ
Ф.Усмонзода, н.и.и., ДТТ ба номи академик М.С.Осимӣ
2
Заминаҳои ҳуқуқии рушди ЗС дар соҳаи маориф
Паёми навбатии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мақоми олии қонунгузории кишвар: “Чорум, рушди сармояи инсонӣ бо роҳи омӯзиш ва бозомӯзии кадрҳо доир ба технологияҳои иттилоотӣ дар дохил ва хориҷи кишвар ва баланд бардоштани маърифати истифодаи технологияҳои рақамӣ».
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 январи соли 2025 дар бораи эълон намудани солҳои 2025 – 2030 «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия»;
Консепсияи гузариш ба таҳсилоти рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2042 (ҚҲҶ аз 31 августи соли 2022);
Ташкили гурӯҳи корӣ дар назди Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олӣ –ҷиҳати омузиш ва пешниҳод намудани тадбирҳо бо назардошти ба вуҷуд омадани падида ва зуҳуроти нав дар муносибатҳои ҷамъиятӣ, бахусус, ташаккули зеҳни сунъӣ, инноватсия ва технологияи рақамӣ, омӯзиши васеи қонунгузории кишвар ва таҷрибаи қонунгузории давлатҳои пешрафта (13.05.2025).
3
СММ, оид ба таҳсилот.
Технологии искусственного интеллекта в образовании. Руководство для лиц, ответственных за формирование политики. Опубликовано в 2022 г. Организацией Объединенных Наций по вопросам образования, науки и культуры 7, Place de Fontenoy, 75352 Paris 07 SP, France.
Руководство по использованию генеративного искусственного интеллекта в образовании и научных исследованиях. Опубликовано в 2024 г. Организацией Объединенных Наций по вопросам образования, науки и культуры 7, Place de Fontenoy, 75352 Paris 07 SP, France© ЮНЕСКО 2024.
AI competency framework for teachers. Published in 2024 by the United Nations Educational, Scientifi c and Cultural Organization 7, place de Fontenoy, 75352 Paris 07 SP, France © UNESCO 2024.
4
Консепсияи гузариш ба таҳсилоти рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2042
54. Бо амалӣ шудани таҳсилоти рақамӣ формати (шакли) идоракунии муассисаҳои таҳсилотӣ тадриҷан тағийр меёбад. Дар муассисаҳои таҳсилотӣ муҳити ба истилоҳ рақамӣ ташкил меёбад.;
59. Бо амалӣ гардидани таҳсилоти рақамӣ вазифаҳои омӯзгор низ тағийр меёбад. Омӯзгор дар ин шакли таҳсил нақши “миёнаравр”-ро мебозад. Вай шахсиятест, ки донишро мустақиман интиқол медиҳад ва хонадагону донишҷӯён , бояд ҳар як амалро бодиққат “нусхабардорӣ” кунанд;
62. хонандагону донишҷӯён бештар мустақилона кор мекунанд. Онҳо худашон маълумотро ҷустуҷӯ мекунанд ва ҳамзамон, истифодабарӣ ва паҳн кардани онро аз низ аз худ мекунанд.
5
Барои чӣ истифодаи ЗС муҳим аст?
Diagram of student AI use cases6
Пурсиши 1200 донишҷӯ аз синни 18 то 24-сола дар ҳама штатҳои ИМА нишон дод, ки се яки онҳо ЗС-ро истифода мебаранд ва бо ин мақсад:
барои навиштани лексияву рефератҳо/лоиҳаҳо (49%);
хулосабардорӣ аз матнҳои дароз (48%);
Ҷустуҷӯи идеяҳо барои лоиҳаҳои эҷодӣ (45%);
омӯзиши мавзӯъҳо (44%);
таҳрири матн (44%).
7
Ҷараёни татбиқи зеҳни сунъӣ вобаста ба иёлот фарқ мекунад;
Донишҷӯён зеҳни сунъиро мустақилона меомӯзанд - пурсиши OpenAI нишон дод, ки 75% донишҷӯён мехоҳанд дар соҳаи ЗС маълумот гиранд, аммо танҳо 25% муассисаҳои таълимӣ айни замон чунин имкониятро фароҳам меоранд;
Кордиҳандагон малакаҳои зеҳни сунъиро нисбат ба таҷриба авлотар медонанд - маҳорати кор бо ЗС ба як омили калидӣ ҳангоми ҷалби кормандон табдил ёфтааст. 70% кордиҳандагон гуфтаанд, ки афзалият медиҳанд як довталаби камтаҷрибаро бо малакаҳои ЗС ба кор гиранд, нисбат ба шахсе, ки таҷрибаи бештар дорад, аммо ин гуна малакаҳоро надорад;
ЗС фаъолнокии донишҷӯён ва ҳосилнокиии меҳнатро зиёд мекунад - Таҳқиқоти ахири Донишгоҳи Ҳарвард нишон дод, ки донишҷӯёне, ки воситаҳои ЗС-ро дар дарсҳои физика истифода мебаранд, ду маротиба фаъолтар дар равани дарс иштирок мекунанд ва малакаҳои ҳаллу фасли масъалаҳояшон беҳтар мешаванд;
Як таҳқиқоти муштараки Донишгоҳи Стэнфорд ва Донишкадаи технологии Массачусетс нишон дод, ки истифодаи ЗС метавонад ҳосилнокии меҳнатро то 15% боло барад ва барои шахсони камтаҷриба ин фоиз ду баробар бештар аст.
8
Истифодаи ЗС дар таҳсилоти олии касбӣ
1. Барои идоракунии муассисаи таълимӣ;
2. Истифодабарии ЗС аз ҷониби омӯзгорон;
3. Истифодабарии ЗС аз ҷониби донишҷӯёну унвонҷӯён.
9
Истифодаи ЗС дар таҳсилоти олии касбӣ
Таълими адаптивӣ ва инфиродӣ - мутобиқсозии маводи таълимӣ бо назардошти сатҳи фаҳмиши ҳар як донишҷӯ ва дараҷаи пешрафти ӯ (Coursera ва Khan Academy). Агар донишҷӯ як мавзӯъро нағз фаҳмида бошад, система ба мавзӯи нав мегузарад; агар на, маводи иловагӣ пешниҳод мешавад.
Ассистенти шахсӣ ва чат-ботҳо - чат-ботҳои дорои зеҳни сунъӣ (мисли ChatGPT)-ро метавон барои ҷавоб додан ба саволҳои донишҷӯён дар бораи дарсҳо, реҷабандӣ, имтиҳонҳо ва ғайра истифода баранд. Чат-бот метавонад 24/7 фаъол бошад ва кори кормандони маъмуриро сабук намояд.
10
Истифодаи ЗС дар таҳсилоти олии касбӣ
Системаи баҳодиҳии худкор имконият медиҳад, ки сатҳи дониши донишҷӯён ба таври худкор (автоматикӣ) ва беғаразона арзёбӣ гардад, натиҷаҳои таълим таҳлил шаванд, тавсияҳо дода шаванд ва нақшаҳои таълимии самараноки инфиродӣ таҳия карда шаванд. Масалан, Grammarly бо истифода аз ЗС хатоҳои грамматикӣ ва услубиро дар матнҳо ислоҳ мекунад ва тавсияҳо медиҳад;
Таълим дар шакли бозӣ (геймификатсия) - истифодаи технологияҳои бозӣ ва шавқовар дар раванди таълим, ки барои баланд бардоштани шавқу ҳавас ва самаранокии омӯзиш мусоидат менамояд. Масалан, дар курсҳои омӯзиши забон (мисли Duolingo), ЗС барои муайян кардани сатҳи дониш ва пешниҳоди бозиҳои интерактивӣ истифода мешавад.
11
Истифодаи ЗС дар таҳсилоти олии касбӣ
Истифодаи технологияҳои фосилавии таълим – донишҷӯ метавонад маводи таълимии гузаштаро мустаҳкам намояд, замони эҳтимолии фаромӯш кардани онро муайян кунад ва барои такрор тавсияҳо гирад;
Супоридани имтиҳонҳои фосилавӣ бо прокторинг - дар имтиҳонҳои онлайн системаҳои ЗС мисли Proctorio ё Respondus рафтори донишҷӯро тавассути вебкамера назорат мекунанд — агар донишҷӯ ба дигар саҳифа гузарад, бо касе сӯҳбат кунад ё аз экран дур шавад, кӯшиши иваз кардани саҳифаи
браузер кунад, ҳузури шахсони дигар ё садоҳои беруна мушоҳида шавад ва ғ. система онро ҳамчун тақаллуб қайд мекунад.
12
Истифодаи ЗС дар таҳсилоти олии касбӣ
Таҳлили рафтор ва мониторинги таълим - системаи Learning Analytics бо истифода аз ЗС иттилооти ҷараёни таълимро таҳлил мекунад (масалан, вақти сарфшуда дар платформа, мавзӯъҳои душворфаҳм, такрори саволҳо) ва ба устодон кӯмак мекунад, то донишҷӯёни дар хатарбуда (онҳое, ки метавонанд таҳсилро қатъ кунанд) сари вақт муайян карда шаванд;
Тарҷума ва таҳсилоти фарогир (инклюзивӣ) - барои донишҷӯёни дорои эҳтиёҷоти махсус (масалан, нобиноён), ЗС метавонад матнҳоро ба овоз табдил диҳад (технологияи Text-to-Speech) ё баръакс. Мисли ReadSpeaker ва Voice Dream Reader.
13
Истифодаи ЗС дар таҳсилоти олии касбӣ
Таҳияи маводи таълимӣ бо ёрии ЗС - омӯзгорон метавонанд бо ёрии моделҳои забонии сунъӣ (мисли ChatGPT, DeepSeek) маводи таълимӣ, тестҳо, саволу ҷавобҳо, нақшаҳои дарс ва презентасияҳоро зуд ва самараноктар таҳия кунанд;
Смарт-кампус —имкон медиҳад ба саволҳои гуногуни донишҷӯён зуд ҷавоб дода шавад: ҷадвали дарсҳо; ҷустуҷӯи синфхонаҳо; иртибот бо муассисаи таълимӣ ва устодон; дастрасӣ ба видео-лексияҳо, маводи садоӣ, презентасияҳо ва ғ.; гирифтани супоришҳои санҷишӣ; бақайдгирӣ дар барномаҳои таълимӣ ва курсҳо; дастрасӣ ба адабиёти лозима дар китобхона; мавҷудияти ҷойи холӣ дар хобгоҳ ва интихоби он ва ғайра.
14
Аз таҷрибаи шахсӣ...
Донишҷӯён аз ЗС дар омода кардани КМРО, корҳои курсӣ ва дипломӣ истифода мебаранд;
Барои ҷавоб ба саволҳо, маънои терминҳо, маълумоти оморӣ кушиш меукнанд, ки аз ЗС ва дигар барномаҳои ҷустуҷӯӣ истифода баранд;
Дар таҳияи маводи лексонӣ- асосан тарҷума аз забонҳои русӣ ва англисӣ, таҳияи тестҳо, саволномаҳои имтиҳонӣ овардани мисолҳо барои фаҳмо шудани баъзе нуктаҳои назариявӣ аз ЗС сунъӣ истифода мебарем.
15
Ҷанбаҳои мусбии истифодаи ЗС дар таҳсилот
Истифодаи самарноки вақт;
Дастрасӣ тез ва саривақтӣ ба маълумоти нав, адабиёту тадқиқотҳои нав;
Иконияти ба ҳадди фаҳмо тарҷума кардани маводи илмӣ аз забонҳои дигар;
Имконияти навишатни лексияҳо, тартиб додани мисолу масъалаҳо, тесту саволномаҳо ва ғ. бо истифода аз тавсияҳои ЗС;
16
Ҷанбаҳои манфии истифодаи ЗС дар таҳсилот
ЗС наметавонад муносибати зиндаро бо омӯзгор иваз кунад;
Алҳол ЗС наметавонад фикронии интиқодӣ ва эҷодкориро дар донишҷӯён ташаккул диҳад;
Чи хеле ки маълум аст, ЗС қобилияти ҳис ё ҳамдардӣ кардан надорад, ки дар муносибати инсонҳо мавқеи махсус дорад;
ЗС чунин салоҳиятҳоро ба монанди фикри кардан эҷодкорона, ғайри стандартӣ (креативӣ), кор дар гурӯҳ ва хислатҳои сарвариро надорад;
Вобастагии пурра ва бешуӯрона аз ЗС (чун аз тамоми технологияҳои дигар) ба хубӣ анҷом намеёбад.
17
Чи бояд кард?
Соҳаи маориф аз камтарин соаҳаҳост, ки аз истифодаи ЗС ба таври ошкор ва дар амал худдорӣ мекунад (масалан,дар соҳаҳои тиб, соҳибкорӣ, истеҳсоли мошину дастгоҳҳо ва ғ. ЗС васеъ истифода мешавад), бинобар ин ба чанбаи ахлоқӣ ва заминаҳои қонунгузорӣ диққат дод ва онро мувофиқ намуд;
Омодагии омӯзгорон ва муассисаҳо дар самти ЗС бояд бо барномаҳои ҳадафнок ва мураттаб ба роҳ монда шавад;
ЗС на ҳадаф балки ҳамчун як воситаи навбатии технологӣ бояд қабул шавад, ки имкониятҳои онро истифода барем ва аз хафҳояш огоҳ бошем ва онро пешгирӣ кунем.
18
ТАШАККУР !!!